Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 кушта ва 80 захмӣ. Сели маргбор дар Афғонистон


Лугар, Афғонистон
Лугар, Афғонистон

Мақомоту сокинони Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи борони сахт ва сел дар шарқи ин кишвар 22 нафар кушта ва 80 каси дигар захмӣ шудаанд.

Фалокати табиӣ киштзорҳои мардумро вайрон карда, ҳамчунин, чорвои онҳоро аз байн бурдааст.

Сел дар вилояти Ғазнӣ, Нангарҳор ва Лағмон омадааст, вале бештар аз ҳама ноҳияи Хушӣ дар вилояти Лугар осеб дидааст.

Дар ин бора мақомоти ҳукумати Толибон рӯзи 21-уми август хабар доданд.

Абдулло Муфаккир, яке аз раҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Лугар, гуфтааст, ҳоло теъдоди қурбониён маълум нест, чун мардум ба берун кашидани ҷасадҳо аз зери вайронаҳо идома медиҳанд.

Дилоғо, яке аз сокинони ноҳияи Хушӣ, гуфтааст, сел хонаву киштзор ва чорвои мардумро нобуд кард.

Ҳафтаи гузашта сел дар Афғонистон камаш 31 нафарро кушт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG