Амрико дар чанд ҳафтаи оянда наздик ба 150 ҳазор тонна гандуми Украинаро харида, ба кишварҳои фақир хоҳад дод.
Ин додугирифт дар доираи созишномаи ба роҳ мондани содироти гандуми Украина сурат мегирад. Дар ин бора роҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милал Дэвид Бизлӣ хабар дод.
Хариди мазкурро Оҷонси СММ дар умури мубориза бо гуруснагӣ анҷом медиҳад.
Ахиран сокинони минтақаҳое ба монанди Ҷибутӣ, Сомалӣ, Судон ва Эфиопиаи Африқо ба далели хушкӣ ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар Сомалӣ ба далели камғизоӣ 1000 кас фавтидааст. Ба иттилои СММ, дар минтақаи мазкур 22 миллион кас гуруснагӣ мекашад.
Дэвид Бизлӣ гуфт, ояндаи наздик 23 ҳазор тонна гандуми Украина ба минтақа оварда мешавад, ки барои таъмини 1,5 миллион аҳолӣ давоми як моҳ кофӣ хоҳад буд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ, рӯзи шанбеи гузашта хабар дод, ки дар доираи созишномаи имзошуда дар бораи аз сар гирифтани содироти гандуми Украина, Киев беш аз 650 ҳазор тонна гандум содирот кардааст.
"Қисми дигари ин созишнома - дастрасии бидуни монеаи маҳсулоти ғизоии Русия ба бозори ҷаҳонӣ аст, ки шомили таҳримҳо нашудааст", - гуфт Гутерриш.
То 24-уми феврали имсол Русияву Украина сеяки гандуми дунёро содирот мекарданд. Русия ҳамчунин содиркунандаи бузурги нуриҳои минералӣ аст.
Гуфтугӯ