Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ маросими Ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Дар ин бора рӯзи 19-уми август дафтари матбуоти президент хабар додааст.
Дар изҳороти расмӣ гуфта шудааст, ки Мирзиёев «мутобиқи аркони ислом либоси махсусро ба бар карда, намоз хонд, дуои талбияро ба забон оварда вориди масҷиди Ал-Ҳарам шуд».
Дар баёния омадааст, ба Мирзиёев ифтихори ворид шудан ба Каъбаи муқаддас фароҳам оварда шуд ва ӯ дар дохили он намозашро хонд: "Баъди ин ҳафт маротиба мутобиқи расми тавоф гирди Каъба чарх зада, сипас аз Сафо ва Марва зиёрат кард".
Шаш сол пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни зиёрат аз Арабистони Саудӣ дар масҷиди Ал Ҳарам намоз хонда Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварда буд.