Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дигарбора аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хост, ба шаҳрвандони Русия раводиди сафар надиҳанд.
Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоии шабонаи худ дар рӯзи 12-уми август гуфт, роҳ надодани шаҳрвандони Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо зарурист, то ба онҷо ба “супермаркет”-и ҳар каси дорои имконият табдил наёбад.
Ӯ афзуд: ”Бояд кафолати он вуҷуд дошта бошад, ки одамкушони рус ва шарикони давлати террор раводиди Шенгенро истифода накунанд.” Ҳар фарде, ки раводиди Шенген дорад, метавонад, ба истиснои 5 кишвари узв, озодона ба 22 кишвари дигари Иттиҳоди Аврупо сафар кунад.
Баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла се кишвари соҳили Балтика ва Чехия додани раводиди кору сафар ба шаҳрвандони Русияро маҳдуд кардаанд, вале даъват барои манъи комили додани раводид ба шаҳрвандони Русия дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тарафдори зиёде пайдо накардааст.
Гуфтугӯ