Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати навбатии Толибон аз Тоҷикистону Узбекистон дар бораи чархболҳо


14 сентябри соли 2021, фурудгоҳи Кобул. Парки харобшудаи чархболҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон
14 сентябри соли 2021, фурудгоҳи Кобул. Парки харобшудаи чархболҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон

Вазорати дифои Толибон бори дигар аз Тоҷикистону Узбекистон хост, ки чархболҳоеро баргардонанд, ки моҳи августи соли 2021 ба ин ду кишвар бурда шуда буданд.

Иноятулло Хоразмӣ, намояндаи вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон гуфт, Кобул чархболҳои рабудашударо ба зудӣ ба даст меорад. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон рӯзи 8 август иттилоъ доданд.

"Чархболҳо моли мардуми Афғонистон ҳастанд. Онҳо бояд ба ҳукумати кунунӣ баргардонида шаванд", - афзуд Хоразмӣ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарони афғонистонӣ мегӯянд, то замоне, ки ҳукумати Толибон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашавад, баргардонии чархболҳо имкон надорад.

Низомиҳои афғонистонӣ бо ин чархболҳо моҳи августи соли 2021 замоне фирор карданд, ки ҷангҷӯёни "Толибон" Кобулро ғасб карданд.

Моҳи январи соли ҷорӣ низ "Толибон" аз Тоҷикистону Узбекистон хоста буданд, чархболҳоро баргардонанд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, чархболҳоро ба мақомоти Амрико бармегардонанд. Моҳи июн Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА зимни сӯҳбат бо журналистон дар Тоҷикистон гуфт, "бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд". Ӯ тахмин кард, ки шояд "ҳама ваё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд. Ман намедонам, ки ин кор кай сурат мегирад, вале мо дар ин самт кор мекунем", гуфт генерали амрикоӣ.

XS
SM
MD
LG