Баррасии умумии тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ барои ворид кардан ба Конститутсияи нави Узбекистон, ки 25 июни имсол оғоз шуда буд, 1 август ба поён расидааст.
Комиссияи конститутсионии Узбекистон хабар дод, ки дар маҷмӯъ 117357 пешниҳод дарёфт кардааст ва як қисми онҳо ҷонибдори ворид намудани тағйиру иловаҳо ба банди 90-уми Конститутсияи он кишвар мебошад.
Ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, кормандони муассисаҳои буҷавӣ маҷбур карда шудаанд, ки ба таври хаттӣ тамдиди салоҳиятҳои президентро аз 5 ба 7 сол ё президенти якумрӣ шудани Шавкат Мирзиёевро пешниҳод кунанд.
Як гуруҳ аз кормандони корхонаи "Узметкомбинат"-и шаҳри Бекобод нусхаи пешниҳоди худ ба порлумони Узбекистонро ба бахши узбекии Радиои Озодӣ фиристодаанд.
"Ман дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд зиндагӣ мекунам ва аз ислоҳотҳои ҷорӣ дар кишвар розӣ ҳастам. Бинобар ин, мехоҳам дар бораи банди 90-уми Конститутсия як пешниҳод кунам. Пешниҳоди ман ин аст, ки муҳлати ваколати президенти Узбекистон аз 5 то 7 сол тамдид карда шавад ва ё президент як умр раҳбари давлат бимонад", - омадааст дар санаде, ки кормандони "Узметкомбинат" имзо гузоштаанд.
Банди 90-уми Конститутсияи амалкунандаи Узбекистон пешбинӣ мекунад, ки президенти ин кишвар барои 5 сол аз тарафи мардум интихоб карда мешавад. Ҳоло пешниҳод доранд, ки ин муҳлат то ба 7 сол тамдид шавад.