Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед гуфт, президент Байден ба COVID-19 гирифтор шудааст


30 марти соли 2022 президенти ИМА Ҷо Байден воксинаи дуюми тақвиятдиҳандаи зидди COVID-19 -ро гирифта буд
30 марти соли 2022 президенти ИМА Ҷо Байден воксинаи дуюми тақвиятдиҳандаи зидди COVID-19 -ро гирифта буд

Як табиби Кохи Сафед гуфт, ки президенти ИМА Ҷо Байден ба вируси COVID-19 гирифтор шудааст, вале ҳолаш “хуб аст” ва бемориаш бидуни нишона мегузарад. Духтур Кевин Оконнор гуфт, ки санҷиши тиббии Байден нӯҳ рӯз пеш ҳам мусбат баромад, вале баъди ин ду дафъа паи ҳам манфӣ буд. Аз ин рӯ, баъди тести охир президенти Амрико муқаррароти фосилагириро идома медиҳад. Духтур афзуд, ҳодисаи такроран ба вирус гирифтор шудани президент бо вуҷуди муолиҷаи зиддивирусии пешинаш “як истисно” аст ва худи Байден ҳам дар Твиттераш навишт, ки бемории ӯ ҳолатест, ки “бо нафарони кам рух медиҳад”.

Президенти Амрико афзуд, ки ҳеҷ аломате аз беморӣ дар баданаш эҳсос намекунад, вале ба хотири амнияти саломатии атрофиёнаш қоидаи фосилагириро риоя карда, корашро аз дур идома медиҳад.

Байден 79 сол дорад ва дар гузашта гуфта буд, ки вақти олуда шуданаш ба COVID-19 аломатҳои сабуки ин вирусро дар баданаш эҳсос кардааст.

XS
SM
MD
LG