Дар бораи ҳодисаҳои Қарақалпоқистон, ки рӯзҳои 1-2-юми июл сурат гирифт, ба Конгресси Амрико гузориш дода мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба расонаҳо хабар дод.
Сафири Узбекистон дар Амрико Ҷавлон Ваҳҳобов дар як суҳбати видеоӣ бо аъзои Конгресси Амрико "дар бораи вазъи Қарақалпоқистон иттилоъ додааст".
Сафорати Узбекистон хабар дод, дар поёни суҳбат созиш ҳосил шудааст, ки ба Конгресс гузориш дода шавад.
Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида рӯзи 5-уми июл ба ҳодисаҳои Қарақалпоқистон вокуниш нишон дод ва аз ҳукумати Узбекистон даъват кард, ки таҳқиқи ҳаматарафа ва боз анҷом диҳад.
Рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол дар шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон нооромӣ сар зад. Эътирозгарон гуфтанд, аз тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон норозиянд, чун "мустақилӣ"-и онҳоро аз байн мебарад.
Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."
Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар ин рӯйдод дар Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар, аз ҷумла 38 афсар, захмӣ шуданд. То кунун дар бораи боздошти беш аз 500 кас гузориш расидааст.
Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.