Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Новак Ҷокович бори ҳафтум қаҳрамони Уимблдон шуд


Теннисбоз Новак Ҷокович бори ҳафтум аст, ки қаҳрамони мусобиқаи Уимблдон шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа вай варзишкори австролиёӣ Ник Киросро мағлуб кард. Ин 21-умин пирӯзии варзишкори сербистонӣ дар мусобиқоти Кулоҳи бузург аст.

Кирос бори аввал аст, ки ба марҳилаи ниҳоӣ ё финали Кулоҳи бузург мерасад. То ин финал Кирос бо Ҷокович ду маротиба қувваозмоӣ карда буданд. Ҳар ду бор варзишкори австролиёӣ Ҷоковичро мағлуб карда буд.

Дар рӯзи финали ҷоми Уимблдон варзишкори сербистонӣ ва ҳамсари вай 8-умин солгарди издивоҷашонро таҷлил карданд. Ба ин муносибат Елена Ҷокович дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд акси хонаводагиашро нашр кард.

XS
SM
MD
LG