Вазири рушди рақамии Қирғизистон Талантбек Имонов дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Кабар" таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодиро дар бораи азхудкунии 54 миллион сом дар корхонаи "Улан" шарҳ дод.
Имонов маълумоти дарҷшударо дар таҳқиқот "туҳмат, комилан дурӯғ ва сохтакории далелҳо" номидааст.
"Бале, нисбати кормандони "Улан" чунин парванда бо моддаи 205, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шуда буд. Дар доираи он парванда маро ҳам бозпурсӣ карданд ва баъдан бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят таъқиб алайҳи ман қатъ карда шуд", -- гуфтааст Имонов.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ моҳи июни имсол таҳқиқотеро ба номи "Изи 54 миллиони азхудшуда дар Улан" нашр кард.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон моҳи ноябри соли 2020 хабар дода буд, ки мавридҳои азхудкунии маблағҳои буҷа аз ҷониби мансабдорони ширкатҳои "Дастан" ва "Улан" ошкор шудааст. Имонов он замон мудири "Дастан" буд.