Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато мехоҳанд, барои қурбониён муҷассама гузоранд


Алмато, 6-уми июли 2022
Алмато, 6-уми июли 2022

Як гурӯҳ аз сиёсатмадорон ва фаъолони шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 6-уми июл ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни моҳи декабри соли 1986 ва январи соли 2022 дар майдони "Ҷумҳурӣ"-и шаҳр ҷамъ шуданд.

Созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ баъди дуо дар ҳаққи кушташудаҳо суроби муҷассамаи қурбониёни "Январи хунин"-ро ба иштирокдорон нишон доданд.

Он муҷассамаи марде мебошадд, ки дар даст парчами Қазоқистонро дорад. Булат Абилов, сиёсатмадори қазоқ гуфт, ин мард Берик Абишов аст ва ҳангоми кушта шуданаш дар майдон дар даст парчами Қазоқистонро дошт.

Вай изҳор дошт, ки ҳизби сабтиномнашудаи ӯ мехоҳад, хотираи қурбониёни ҳодисаҳои январро абадӣ гардонад. "Албатта, ба ин рӯйхат "террористҳо" шомил нахоҳанд шуд. То ҷое ки мо медонем, 90 дарсади кушташудагон сокинони оддӣ буданд. Мо мефаҳмем, ки ин барои мақомот судманд нест", - гуфт Абилов.

Дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон 238 кас кушта шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, шаш тани онҳо дар натиҷаи шиканҷаи қудратиҳо ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG