Маҷлиси порлумони Қазоқистон рӯзи 15 июн лоиҳаи қонун дар бораи таҳкими танзим, назорати бозори молиявӣ, созмонҳои молиявӣ ва мубориза бо фаъолияти пирамидаҳои молиро ба тасвиб расонд.
Қонун ба пурзӯр кардани масъулияти ташкили пирамида молӣ ва ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҷиноӣ барои шахсоне, ки онро таблиғ мекунанд, нигаронида шудааст.
Бар асоси ин лоиҳаи қонун, ба Кодекси ҷиноии Қазоқистон банди 217 илова мешавад, ки қисми аввали он ҷарима дар ҳаҷми 6 миллиону 126 000 танга, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 600 соат ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду солро пешниҳод мекунанд.
Қисми чоруми банди мазкур ҷазои ҷиноӣ ба муҳлати аз 3 то 7 солро бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад.