Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 2 миллиону 400 ҳазор кас дар як сол дар Русия


Дар ду моҳи охир ҳамарӯза дар Русия беш аз ҳазор нафар аз коронавирус мефавтанд
Дар ду моҳи охир ҳамарӯза дар Русия беш аз ҳазор нафар аз коронавирус мефавтанд

Дар як соли охир дар Русия 2 миллиону 400 ҳазор нафар фавтидаанд, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар чунин омор танҳо дар замони Ҷанги дувуми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 сабт шуда буд. Ҳамчунин аҳолии Русия имсол наздик ба як миллион кам шудааст, ки дар 20 соли охир чунин набудааст. Сабаби марги аксари фавтидагон гирифторӣ ба коронавирус, бемориҳои сироятӣ ва майзадагӣ гуфта мешавад. Дар ду моҳи охир ҳамарӯза дар Русия беш аз ҳазор нафар аз коронавирус мефавтанд.

XS
SM
MD
LG