Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҳамкориҳои ОМ ва Корея баррасӣ мешавад


Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷануби Чон Ий Ён бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷануби Чон Ий Ён бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин

Рузи 30-юми ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми 14-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ оғоз шуд, ки дар он вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо иштирок доранд. Ин ҳамоиш бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои оянда ва рушди муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар чаҳорчуби ин форум ва сафараш ба Душанбе рӯзи 29-уми ноябр Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷануби Чон Ий Ён бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард. Сайти президенти Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон дипломати кореягиро барои кӯмаки ин кишвар ба Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус ташаккур кардааст.

Дар ҷараёни сафари расмии вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Чон Ий Ён ба Тоҷикистон, Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Эъломияи байни Тоҷикистон ва Корея “Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата” ба имзо расид. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29-уми ноябр навишт, ки дипломати калони кореягӣ дар садри як ҳайат бо ҳадафи анҷоми як сафари расмӣ дар Тоҷикистон ва ҳам ширкат ҳамоиши “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” ба Душанбе сафар кардааст.

Дар ҷараёни дидору гуфтугӯҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Корея Чон Ий Ён, дар баробари масоили дигар, вазъ дар Афғонистон ва дигар масоили байналмилалӣ баррасӣ шудааст.

Кореяи Ҷанубӣ – кишваре дар Осиёи Шарқӣ ва мустақар дар нимҷазираи Корея яке аз давлатҳои босуръат пешраванда ба ҳисоб меравад ва дар даҳсолаҳои охир ба макони кору муҳоҷирати хориҷиҳои зиёд, аз ҷумла тоҷикистониҳо табдил шудааст. Садҳо тоҷикистонии муқими Корея бештар ҷавонону донишҷӯён ваё муҳоҷирони кориро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон бо ин ки соли 1992 бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои дипломатӣ барпо кардааст, ҳамкориҳои наздиктари миёни ду кишвар тано дар чанд соли охир эҳсос мешавад. Умеди Тоҷикистон аз ин ҳамкориҳо пеш аз ҳама сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ва фаъол шудани созишномаи муҳоҷирати корӣ аст. Созишномаи фароҳамкунандаи шароити кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ, ки сӯҳбаташро мақомот чанд соли пеш шурӯъ карданд, то ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамоно вобастаи бозори кори Русия мемонад.

Иқтисодшиносон мегӯянд, мизони додугирифти молу коло ҳам миёни ду кишвар дар сатҳи поин аст – 25,5 миллион доллар, ки бештар аз ҳисоби маҳсулоти аз Корея ба Тоҷикистон воридшаванда ҳисоб шудааст. Тобистони соли гузашта раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ки бо сабаби пандемияи коронавирус мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда миёни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ барои сармоягузорӣ дар ҳафт тарҳ бо маблағи умумии 320 миллион доллар муаллақ мемонад. Яке аз ин тарҳҳо бунёди корхонаи истеҳсоли мошинҳои барқиро дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG