Теъдоди парвози ҳавопаймоҳо миёни Қирғизистон ва Русия аз 1 декабри соли равон афзоиш меёбад.
Дар ин бора дар ҷараёни мулоқоти раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов ва раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин дар шаҳри Москва иттилоъ дода шудааст.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии девони вазирони Қирғизистон, ҷонибҳо "масъалаҳои калидии марбут ба рушди робитаҳои дуҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, энергетика ва сӯзишворӣ баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин бар аҳамияти оғози зудтари сохтмони мактабҳои русӣ дар минтақаҳои Қирғизистон таъкид шудааст.