Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нофаҳмӣ" дар марзи Қирғизистону Узбекистон боис ба занозанӣ шудааст


Марз. Бодканди Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Марз. Бодканди Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Дар сарҳади Қирғизистону Узбекистон ҷанҷол шудааст. Дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Бодканд гуфт, "нофаҳмӣ" миёни сокинони деҳаи Сойи Қирғизистон ва Чашмаи Узбекистон (ноҳияи Сух) рӯзи 13-уми май сабаби ҷанг шуд, аммо феълан вазъ зери назорат аст.

Ҷониби Узбекистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, ки сокинони ду тараф дар марз ҷамъ шудаанд. Ба иттилои манбаъ, намояндагони мақомоти маҳалливу идораҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар низ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар марз бо Узбекистон як шаҳрванди Қирғизистон латукӯб шудааст ва тақрибан 30-40 нафар дар сарҳад ҷамъ омадаанд.

Моҳи майи соли гузашта низ миёни сокинони деҳаи Чашмаи Узбекистон ва деҳаи Чечмеи Қирғизистон занозанӣ шуда буд.

Қирғизистону Узбекистон 1378 километр сарҳад доранд. Пас аз гуфтушунидҳои соли 2017 гузориш дода шуд, ки 85 дарсади сарҳад таъину нишонагузорӣ шуда, 15 дарсади дигар мондааст.

Дар сӣ соли истиқлоли ду кишвар марзҳои номуайян борҳо сабаби ҷанҷол, аз ҷумла истифода аз силоҳҳои оташфишон, шудааст.

Дар охири моҳи марти имсол Қирғизистон ҳалли масъалаҳои марзиро бо Узбекистон "сад дарсад" ҳалшуда эълон кард.

Бино ба гуфтаи Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва роҳбари ҳайати ин кишвар дар мавриди таъину нишонагузории марз бо Узбекистон, ҳоло байни кишварҳо минтақаҳои баҳсӣ нестанд. Аммо баъзе аз сокинон бо нуктаҳои созиш розӣ набуданд ва гирдиҳамоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG