Дар додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон муҳокимаи додгоҳии қатли Жанболат Оғодили 17-сола ба поён наздик мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, гуноҳи айбдоршавандаҳоро исботшуда эътироф ва ба онҳо аз 4 то 18 сол зиндон таъйин кунад.
Дар курсии айбдорӣ шаш нафар: Назарбеков, Абилдаев, Сиддиқ, Ҷумъахон, Асболат ва Раҳмат нишастаанд. Онҳо ба "авбошӣ", "пинҳон кардани ҷиноят" ва "куштор" айбдор мешаванд.
Баъзе аз айбдоршавандаҳо ин иттиҳомҳоро рад карданд. Қарор аст, додгоҳ юа зудӣ ҳукм содир кунад.
Жанболат Оғодил шаби 11-уми ноябри соли 2020 дар шаҳри Нурсултон кушта шуд. Як рӯз баъд пулис эълом кард, ки гумонбарони қатли ӯро дастгир кардааст. Пулис гуфт, гуруҳе аз ҷавонон он шаб занозанӣ кардаанд, ки дар натиҷа Жанболат "аз зарби корд" кушта шуд.
Давлат Оғодил, падари Жанболат, яке аз фаъолони иҷтимоии Қазоқистон буд, ки дар бисёре аз гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ширкат меварзид. Шаби 24-уми феврали соли 2020 ӯро аз манзили зисташ ба идораи пулис бурданд ва субҳ ба пайвандонаш хабар доданд, ки вай дар боздоштгоҳ даргузашт.
Ҳомиёни ҳуқуқ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд.