Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони НАТО муносибат бо Русия ва ояндаи Афғонистонро баҳс мекунанд


Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико бо Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, Брюссел, 23-юми марти 2021
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико бо Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, Брюссел, 23-юми марти 2021

Вазири корҳои хориҷии Амрико дар сафари нахустинаш ба Брюссел дар бораи "бозсозиву тақвияти НАТО ва машварат дар масъалаи Афғонистон" ваъда супурд.

Энтони Блинкен дар рӯзҳои 23-24-уми март дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО ширкат карда, бо мақомоти Аврупо низ мулоқот мекунад. Ӯ бо паёми маҳками маъмурияти президент Ҷо Байден дар бораи барқарории равобит бо муттаҳидони Амрико дар Аврупо рафтааст.

Дар мулоқот бо дабири кулли НАТО, Йенс Столтенберг, рӯзи сешанбе Энтони Блинкен гуфт, "Амрико дар навбати аввал ва пеш аз ҳама хостори барқарории ҳамкориву шарикӣ бо муттаҳидонамон дар НАТО мебошад." Ӯ афзуд, "ман барои намоиши ӯҳдадориҳои қотеи Иёлоти Муттаҳида дар баробари НАТО омадаам."

Дар миёни масоили мавриди баррасӣ дар Брюссел нигарониҳо аз Чину Русия, инчунин, ояндаи рисолати 9600 низомии НАТО дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар низ ҳаст. Бар асоси созиш бо Толибон, нирӯҳои амрикоӣ бояд то 1-уми майи имсол хоки Афғонистонро тарк кунанд.

Ба суоли хабарнигорон дар бораи ин ки оё воқеан ҳам нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун мешаванд ё на, Блинкен гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳама гуна имкониятҳоро баррасӣ дорад ва ба ҳарфи муттаҳидон ҳам гӯш хоҳанд дод.

Блинкен дар бораи ҳузури нирӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, "мо ҳамроҳ рафтем, ҳамроҳ ба шароит мутобиқ шудем ва дар фурсати зарурӣ ҳамроҳ берун хоҳем шуд."

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, аз Афғонистон баромадани нирӯҳои амрикоӣ то 1-уми май "бисёр сахт" хоҳад буд, чун музокироти сулҳ бо Толибон, ки аз сентябри порсол дар Доҳа (Қатар) ҷараён дорад, бисёр пурмушкил пеш меравад.

Рӯзе пеш дабири кулли НАТО, Йенс Столтенберг, гуфт, вазирони корҳои хориҷии НАТО дар заминаи вазъ дар Афғонистон ва ҳузури нирӯҳои ин паймон дар ин кишвар машваратҳои худро идома медиҳанд ва, ба гуфтааш, "ҳама имкониятҳо дар баррасӣ хоҳанд буд". Ӯ гуфт, "интихоби соддае вуҷуд надорад".

Муттафиқони НАТО гуфтаанд, хостори тамдиди мӯҳлати истиқрори нирӯҳо дар Афғонистон ҳастанд. Дар Афғонистон ҳоло 2500 низомии амрикоӣ қарор доранд.

Яке дигар аз масоили мавриди баррасӣ дар мулоқоти Блинкен бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо равобит бо Русия мешавад. Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико, рӯзи 21-уми март барои машваратҳои фаврӣ ба Маскав рафт.

Ин даъвати изтирорӣ баъд аз он сурат гирифт, ки Байден дар як мусоҳибааш гуфт, бовар дорад, президенти Русия Владимир Путин "қотил" аст ва ин шарҳи ӯ боис ба эҷоди таниш дар равобити Маскаву Вашингтон шуд.

Сафари Блинкен ба Аврупо баёнгари нав шудани сиёсати хориҷии Амрико таҳти раёсати Ҷо Байден аст, чун президенти собиқ Доналд Трамп сиёсати "аввал Амрико"-ро роҳандозӣ кард ва аз равобиту ҳамкориҳои суннатӣ бо муттаҳидони пешин фосила гирифт.

XS
SM
MD
LG