Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Узбекистон гуфт, рӯзноманигори боздоштшуда дар Туркия дар пайгард набуд


Абдукарим Мирзоев
Абдукарим Мирзоев

Додситонии кулли Узбекистон бо нашри изҳороте гуфт, Тошканди расмӣ дар боздошти рӯзноманигор ва коргардон Абдукарим Мирзоев дар Туркия даст надорад.

Ба огаҳии додситонӣ, зидди Мирзоев дар Узбекистон парванда боз нашудааст ва ӯ дар пайгарди қонунӣ низ қарор надошт. Хабарнигори сомонаи Gazeta.uz 19 декабр иттилоъ дод, ки блогер, рӯзноманигор, коргардон ва донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Туркия Абдукарим Мирзоеви 38-сола боздошт шудааст.

"Додситонии кулли Узбекистон дар бораи қазияи Абдукарим Мирзоев, ки дар Туркия дастгир гаштааст, ҳеч маълумоте надорад", - гуфтааст сухангӯи додситонӣ Ҳаёт Шамсуддинов ба сомонаи ​Gazeta.uz.

Вакили дифои рӯзноманигор гуфтааст, касе ба пулис хабар додааст, ки Мирзоев бо шахсони шубҳанок телефонӣ суҳбат мекунад. Дар натиҷа вай мавриди таъқиб қарор гирифта, дертар дастгир шудааст.

СомонаиQalampir.uz навиштааст, ки Мирзоевро дар ҳақиқат ба хотири суҳбат бо "афроди шубҳанок" дастгир карданд, вале дертар озод шудааст. Ба иттилои сомона, Мирзоев сарфи назар аз исбот нашудани гумонбарияш аз Туркия ихроҷ шудааст.

Мақомоти Туркия то ҳол боздошти рӯзноманигори узбекро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG