Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон маоши хидматчиёни давлатиро кам карданд


Коргарони яке аз ширкатҳои сохтмонӣ дар Узбекистон.
Коргарони яке аз ширкатҳои сохтмонӣ дар Узбекистон.

Маоши кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати умури дохилии Узбекистон 30-40 дарсад кам карда шудааст. Дар ин бора кормандони пулиси ноҳияҳои Бешариқу Бувайдаи вилояти Фарғона ва вилоятҳои Тошканду Хоразм иттилоъ доданд.

"Маоши буҷавиҳо, аз ҷумла кормандони пулис бо баҳонаи 50 дарсад кам карда шуд. Дастурҳо маъмулӣ ҳастанду маош кам. Барои иҷрои дастурҳо коғазу бензин лозим аст. Саҳару нисфирӯзӣ ва шом маҷбур мешавӣ, дар берун ғизо бихӯрӣ, ки хеле гарон аст. Давлат харҷҳои моро ҷуброн намекунад. Ин вазъ дар тамоми сохторҳои Вазорати умури дохилии Узбекистон ҳукмфармост", - изҳор дошт як корманди пулис аз Бешариқ.

Як корманди Идораи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии пулиси Тошканд гуфт, маоши ӯ то чанде пеш 3 миллиону 550 ҳазор сӯм (ҳудуди 350 доллар) буд, вале ҳоло 500 ҳазор сӯм (50 доллар) камтар мегирад.

Ҳуқуқшинос Маримбой Раҷабов гуфт, бар асоси қонунгузории Узбекистон, корфармо вазифадор аст, ки дар давраи карантин ё маҳдудиятҳои дигар маоши кормандро ба ҳисоби миёна пардохт намояд.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, дар баробари Кодекси меҳнат фармони президенти Узбекистон дар бораи карантин низ кафолат медиҳад, ки маоши кормандони муассисаҳои буҷавӣ пурра пардохт хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG