Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

347 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистон аз марзи Қазоқистону Узбекистон ба ватан интиқол ёфтанд


Муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистон.
Муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистон.

Рӯзи 3-юми сентябр 347 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистон аз марзи Қазоқистону Узбекистон ба ватан интиқол ёфтанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода ва гуфтааст, ин афрод дар гузаргоҳи "Жибек Жолӣ" ҷамъ омада буданд. Баргардонидани онҳо бо мусоидати Созмони байналмилалии муҳоҷират ва маблағгузории Норвегия имконпазир шудааст.

Аз замони маҳдуд кардани равуо ва бастани марзҳо ба сабаби пандемияи коронавируси нав, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба бозгашти 2100 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Узбекистон мусоидат кардааст. Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ шуда буданд.

Ба қавли вазорати корҳои хориҷии Товикистон, рӯзи гузашта ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Исломии Эрон 35 нафар тоҷикон тавассути парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Киш Эйр” аз Машҳад ба Душанбе оварда шуданд.

Ҳамзамон тавассути ин парвоз дар ҳаҷми дувунимним тонна ёрии тиббии Эрон барои мубориза бо бемории ҳамагири Cоvid-19 ба Тоҷикистон расонида шуд.Дар роҳи бозгашт ин ҳавопаймо бо худ 21 шаҳвранди Тоҷикистон, аз ҷумлаи донишҷӯён, ҷаҳонгардон ва афроди беморро барои муолиҷа ба Эрон бурд.

Имрӯз тибқи нақша се парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар назар аст. Ду ҳавопаймои "Сомон Эйр" мусофиронро аз Маскав ва як ҳавопаймои дигар аз Санкт Петербург ба Душанбе мебарад. Дар бораи барқарор намудани парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия ҳанӯз хабаре нест.

XS
SM
MD
LG