Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз соҳибнуфузони ҷиноии Русияву Озарбойҷон дар Туркия кушта шуд


Нодир Салифов
Нодир Салифов

Расонаҳои Туркия субҳи 20-уми август хабар доданд, ки Нодир Салифов, яке аз соҳибнуфузони ҷиноии Озарбойҷону Русия дар Анталияи Туркия кушта шудааст.

Расонаҳо навиштанд, ки ӯро дар меҳмонхонае паррондаанд. Пулис гумонбарро боздошт кардааст.

Салифови 47-сола озартабор буд, аммо дар Гурҷистон ба дунё омадааст. Падару модари вай баъд аз таваллуди Нодир ба Озарбойҷон кӯч бастанд. Нодир Салифов дар Озарбойҷон аз хурдӣ ҷинояткорӣ мекард: нисбат ба ӯ борҳо бо моддаҳои дуздӣ, авбошӣ ва одамрабоӣ парванда боз кардаанд.

Вай борҳо зиндонӣ шудааст. Дар солҳои 1990 додгоҳи Озарбойҷон ӯро нахуст 15 ва баъдан 27 сол зиндонӣ кард.

Нодир аз ин ҳукм дар маҷмуъ 22 солро дар зиндон сипарӣ кард. Нодир Салифов аз зиндони Озарбойҷон гуруҳи зери роҳбариаш, аз ҷумла гуруҳи ҷиноии озариҳоро дар Русия роҳбарӣ мекард.

Соли 2014 Салифов муваффақ шуд, ки се бозори бузурги шаҳри Маскавро таҳти назорат дарорад. Дар Русия нисбат ба ӯ чанд парванда боз шуда буд. Ӯро ба одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ айбдор мекарданд.

Салифов баъди раҳо шудан аз зиндон насабашро ба Исмоилов иваз ва Озарбойҷонро тарк кард.

XS
SM
MD
LG