Валерий Тсепкало, сиёсатмадори мухолиф, ки номзадиашро барои иштирок дар интихоботи президентии Беларус сабтином накарданд, бо нигаронӣ аз амнияти худу фарзандон кишварро тарк кардааст. Вай ҳоло дар Русия қарор дорад. Интихоботи президентии Беларус рӯзи 9-уми августи имсол баргузор хоҳад шуд. Тсепкало дар суҳбат бо телевизиони "Дождь" рӯзи 24-уми июл гуфтааст, ҳамсараш Вероника дар Беларус аст ва дар интихобот аз номзади мухолифин Светлана Тахновский пуштибонӣ хоҳад кард. Вай гуфт, аз "манбаъҳои боварбахш" фаҳмидааст, ки ҳукумати Беларус нақша дорад, ӯро дастгир кунад ва ба ин сабаб аз кишвар берун рафт. Изҳороти сиёсатмадор баъди се рӯзи он садо дод, ки додгоҳе дар шаҳри Минск шикояти як тоҷири туркро ба зидди ӯ баррасӣ кард. Соҳибкори турк Тсепкалоро ба ришвагирӣ муттаҳам намудааст. Рӯзи 29-уми июн Вазорати корҳои дохилии Беларус низ тафтиши "фаъолияти ғайриқонунӣ"-и Тсепкалоро оғоз кард. Вероника Тсепкало, ҳамсари Валерий Тсепкало, дар суҳбат бо нашрияи интернетии Tut.by тасдиқ кардааст, ки шавҳару фарзандонаш дар Русия ҳастанд. Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Беларус хостаанд, ки таъқиби мухолифонро бас кунад.