Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ аз афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон нигаронӣ кард


Конфронси видеоӣ бо ширкати президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод. Акс аз 2 июли соли 2020
Конфронси видеоӣ бо ширкати президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод. Акс аз 2 июли соли 2020

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳушдор дод, ки афзоиши хушунатҳои ҷангҷӯён дар кишвар ба ҷараёни сулҳ бо Толибон “хатари ҷиддӣ” эҷод мекунад. Рӯзи 6-уми июл зимни суханронӣ дар як конфронси онлайнӣ бо ширкати бархе раҳбарони байналмилалӣ, Ашраф Ғанӣ гуфт, ки мизони феълии хушунат дар қиёс бо соли гузашта хеле баланд аст ва ин дар ҳолест, ки кишвар дар ҷараёни омодагӣ ба шурӯи музокироти сулҳ қарор дорад. Ӯ гуфт, “агар Толибон ҷангҳоро идома диҳанд, ҷараёни сулҳи Афғонистон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд”.

Мақомоти Афғонистон ва Толибон ба шурӯи музокироти мустақими байниҳамдигарӣ барои хатми ҷанги қариб бистсолаи кишвар омода мешаванд. Вале мақомоти Афғонистон мегӯянд, баъди се рӯзи оташбас дар охири моҳи май, Толибон дар ҳафтаҳои ахир даст ба куштори садҳо нирӯҳои амниятӣ ва афроди мулкӣ задаанд. Вале Толибон аксари ин ҳамлаҳоро рад карда, танҳо ҳамлаҳо ба нирӯҳои амниятӣ дар манотиқи дурдастро эътироф кардаанд.

Конфронси видеоӣ бо ширкати раҳбарони Афғонистон ва намояндагони 20 кишвар – ИМА, Русия, Покистон, Ҳинд, Эрон, Чин, Қатар, Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон баргузор шуд. Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин конфронс Тоҷикистонро дипломатҳои тоҷик намояндагӣ карданд. Аз миёни созмонҳои байналмиллӣ СММ ҳам ширкат кард. Давоми ҳафтаи ҷорӣ Ғанӣ ду видеоконфронси дигарро ҳам баргузор хоҳад кард.

Ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул дар чаҳорчӯби созиши миёни ҷангҷӯёну Вашингтон беш аз 4 ҳазор Толибонро аз зиндонҳо озод карданд. Бар асоси ин созиши моҳи феврал имзошуда Толибон ҳам 750 зиндонии ҳукуматиро озод кардаанд.

Созиши ИМА ва Толибон мегӯяд, то миёнаҳои моҳи июл шумори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон аз 12 ҳазор ба 8600 нафар коҳиш дода мешавад ва дар сурати иҷро шудани ҳама шартҳои созиш, то миёнаҳои соли 2021 нирӯҳои хориҷӣ пурра Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG