Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони Сайфуллозода гуфтанд, аз вазъи ӯ бехабаранд


Ҳикматулло Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода

Пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, гуфтанд, беш аз як моҳ инҷониб дар бораи вазъи саломати ӯ чизе намедонанд ва хабари марги баъзе аз маҳбусон онҳоро нигарон кардааст.

Аз оғози моҳи май ва баъди он ки мақомот мавҷудияти коронавирусро тасдиқ карданд, 11 маҳбус фавтидаанд. Масъулони Идораи зиндонҳо гуфтанд, марги маҳбусон аз илтиҳоби шуш аст, на коронавируси нав.

Лутфулло Сайфуллозода, писари Ҳикматуло Сайфуллозода, мегӯяд, аз 12-уми май то ҳол бо падараш тамос надоранд.

Қаблан, мақомоти зиндонҳо гуфта буданд, ки саломатии Сайфуллозода хуб аст ва ҳеч ҷойи нигаронӣ вуҷуд надорад.

Мақомот Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошту зиндонӣ кардаанд. Мақомот он сол Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он айбдор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода мегӯяд, шавҳараш одами эҷодкор буд ва ба ягон ошӯб рабт надошт: "Шавҳарам дар муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятии рақами як қарор дорад. Саломатиаш хуб нест. Аз соли 2015 то ҳол табобат мегирад."

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯ ва масъули ҳафтаномаи ҳизбии “Наҷот” буд.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳафта гузашта гуфт, шумори маҳбусоне, ки бо ҳарорати баланд бистарӣ шудаанд, дар рӯзҳои ахир кам шуд, ҳоло танҳо 7 маҳбус аз таби баланд шикоят доранд.

Моҳи май пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон "сабук" ва аз 50-сола боло шуданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон аз охири моҳи март манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG