Вазорати тандурустии Қазоқистон эътироф кард, ки шаҳрвандони дорои коронавирус, вале ба нишонаҳои онро дар руйхатти алоҳида номнавис мекардааст ва шумораи чунин беморон ба 1696 нафар расидааст.
Дафтари матбуоти вазорат эълом дошт, ки рӯзи 8 июн боз 313 касе ошкор гашт, ки ин вирус дар вуҷуди онҳо ҳаст, аммо ягон нишонаи онро надоранд ва бистарӣ ҳам нашудаанд. Шарҳ дода намешавад, ки чаро барои бақайдгирии онҳо вазорат феҳристи ҷудогона таъсис додааст. Бархе аз нозирони вазъ, инро ба зарурати табобати расмии беморон бастагӣ медиҳанд. Дар навбати аввал онҳое табобат мешаванд, ки вазъашон вазнин аст.
Дар Қазоқистон ҳамчунин фавти афрод дар натиҷаи бемории COVID-19 ва онҳое, ки баъдан дар вуҷудашон вирус дарёфт шудааст, ҷудогона шумориш мешавад. То моҳи апрел ин шумориши ҷудогона дар миён набуд ва ҳамаи онҳоеро, ки аз бемориҳои дигар, вале бо шиддат додани онҳо аз тарафи коронавирус фавтидаанд, дар якруйхат ба қайд мегирифтанд. Акнун дар ҳамаи минтақаҳо комисияҳое таъсис шудаанд, ки маргумири одамонро сабт ва сабаби маргро ташхис мекунанд.
То имрӯз дар Қазоқистон 13 074 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 7700 нафар шифо ёфтанд ва 58 нафар фавтидаанд.