Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА масъулияти ҳамла ба зоишгоҳи Кобулро ба дӯши гурӯҳи “Давлати исломӣ” вогузор кард


Зане дар канори атфоли навзоде нишастааст, ки дар ҳамлаи рӯзи 12 май модарони худро аз даст доданд
Зане дар канори атфоли навзоде нишастааст, ки дар ҳамлаи рӯзи 12 май модарони худро аз даст доданд


Рӯзи 14 май ИМА масъулияти ду ҳамла дар Афғонистонро ба дӯши гурӯҳи “Давлати исломӣ” вогузор кард ва аз ҳукумати ин кишвар хост, ки нагузорад ҷараёни бисёр ҳассоси сулҳ бо Толибон халалдор шавад. Фиристодаи вижаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод дар Твиттераш навишт, ки ИМА мушаххас намуд, ки “ҳамлаҳои мудҳиш” ба зоишгоҳи Кобул ва маросими ҷанозае дар Нангарҳорро гурӯҳи марбут ба “Давлати исломӣ” анҷом додааст. Ӯ гуфт, ки ваҳшонияти ба ин монанд ҳамлаҳоро алайҳи афроди мулкӣ дар Афғонистон ва ҷаҳон маҳз гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба намоиш гузоштааст. Дар паи ду ҳамла дар рӯзи 12 май, ки дасти кам 56 кушта бар ҷой гузошт, президент Ашраф Ғанӣ ба низомиён амр дод, ки алайҳи Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯ бархезанд. Ӯ ҳама гурӯҳҳои ҷангиро барои нодида гирифтани даъват ба коҳиши хушунат интиқод кард. Халилзод гуфт, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” мухолифи сулҳи ҳукумат бо Толибон аст ва дар талоши “эҷоди ҷангҳои гурӯҳӣ назири Ироқу Сурия мебошад”. Халилзод аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки ба ин гурӯҳ шонси хароб кардани талошҳои сулҳ дар кишварро надиҳанд ва ба хотири ҳадафи ягонаи суботу сулҳи таърихӣ муттаҳид шаванд. Феълан маълум нест, ки то куҷо баъди ин изҳорот талошҳо барои идомаи ҷараёни сулҳ давом мекунанд ё на.

XS
SM
MD
LG