Як гурӯҳ аз фаъолони ҷомеа ва шахсони саховатманд дар Кӯлоб ба бемористонҳои ин шаҳр кумак кардаанд. Маъракаи ҷамъоварии маблағро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монданд ва шахсони хайрхоҳ ба он пайвастанд.
Беморхонаҳои Кӯлоб, ба гуфтаи фаъолони гуруҳ, ба маводи тиббӣ, беҳдоштӣ ва табибон ба либосҳои муҳофизатӣ ниёз доранд.
Асрор Мирзоев, яке аз фаъолон, рӯзи 6-уми май гуфт, "мақсади ин иқдом таъмин намудани беморхонаҳои минтақаи Кӯлоб, коргарони беморхонаҳо инчунин беморон бо маводи беҳдоштӣ, либосҳои муҳофизатӣ аст."
Ба гуфтаи фаъолони гурӯҳ дар навбати аввал бо маблағи 63 ҳазор сомонӣ асосан ниқобҳои тиббӣ, дастгоҳҳои ҳароратсанҷ, либосҳои ҳифозатӣ ва маводи беҳдоштӣ харида шуд.
Кумакҳоро ба масъулони беморхонаҳо тақдим карданд.
Фаъолони гурӯҳ мегӯянд, ин марҳилаи аввали кумакҳо ба бемористонҳои Кӯлоб буда, дар оянда ба дигар бемористонҳои минтақа чунин кумакҳо хоҳанд кард.
Бо паҳн шудани бемории COVID-19 дар беморхонаҳо ҳам камбуди маводи ҳифозатӣ мушкили аслӣ гашт.
Кумаки сокинон ба беморхонаву табибон дар ҳолест, ки ҳанӯз аз моҳи апрел созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои алоҳида яке пайи дигар барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ба Душанбе ёриҳои молӣ пешниҳод карданд.
Ҳоло, ки гуруҳҳои алоҳида барои кумак ба пизишкон ва оилаҳои камбизоат дар шароити коронавирус маблағ ҷамъ меоранд ва баъзе идораҳо маоши худро ба суратҳисоби давлатии мубориза бо бемории ҳамагир мегузаронанд, сокинон даъват доранд, ки кумакҳо ба таври шаффоф тақсим шаванд.