Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли зиндонии қазоқ Асет Абишевро бистарӣ карданд


Асет Абишев (дар байн)
Асет Абишев (дар байн)

Асет Абишев, фаъоли зиндонии қазоқро аз утоқи ҷаримавӣ ба бемористони маҳбас бурданд.

Гулнора Жуаспоева, вакили мудофеи Абишев рӯзи 30 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки нафари таҳти ҳимояи ӯро "шоми дирӯз дар беморхонаи маҳбас бистарӣ кардаанд, то гуруснашинии ҳафтрӯзаашро қатъ кунад. Ӯро ба хотири талаб кардани василаҳои ҳифзи сиҳатӣ дар давраи карантин ду маротиба ба утоқи ҷаримавӣ интиқол додаанд".

Аз мақомоти маҳбасҳои Қазоқистон бистарӣ шудани Абишевро тасдиқ карданд. Мақомот ҳамчунин гуруснашинии ӯро тасдиқ намуданд.

Асет Абишевро 30 ноябри соли 2018 бо гумони узвият дар ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон", ки аз сӯи мухолиф Мухтор Аблязов таъсис шудааст, чор сол аз озодӣ маҳрум карданд.

XS
SM
MD
LG