Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шарқи Сурия 26 узви як гурӯҳи ироқии шибҳанизомиёни таҳти ҳимояти Эрон кушта шудаанд.
Ҳамла дар рӯзи 12-уми март баъд аз он сурат гирифт, ки дар мушакандозӣ ба як пойгоҳи нерӯҳои ғарбӣ дар Ироқ се сарбоз кушта шуданд.
Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, гуфт, зоҳиран ҳамла ба шибҳанизомиёнро дар шаҳри марзии Албу Камол нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико анҷом додаанд. Вале сухангӯи нерӯҳои эътилофӣ ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, онҳо ҳеҷ гуна ҳамлае ба Ироқ ва Сурия дар шаби гузашта анҷом надодаанд.
Марк Эспер, вазири дифои Амрико рӯзи 12-уми март гуфт, ҳамлаи маргбор ба пойгоҳи Тоҷӣ дар Ироқ дар наздикии шаҳри Бағдод кори дасти шибҳанизомиёни тарафдори Эрон будааст, аммо ҳамлаи нерӯҳои эътилофӣ ба ин шибҳанизомиёнро тасдиқ накард.
Дар ҳамлаҳо бо истифода аз мушакҳои Катюша дар рӯзи 11-уми март 2 сарбози амрикоӣ ва 1 бритониёӣ кушта шуданд. Даҳҳо нафари дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.