Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия 8 март занон ҳамоишҳои сиёсӣ баргузор карданд


Самара, Русия.
Самара, Русия.

Дар як қатор шаҳрҳои Русия 8 март ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи бонувон ва зидди хушунати хонаводагӣ ҳамоишҳои оммавӣ баргузор шуд.

Дар шаҳри Москва ҳомиёни ҳуқуқи бонувон ҳамоишеро зери унвони "8 мартро дуруст қайд мекунем" баргузор карданд. Садҳо иштирокдори тазоҳурот зидди табъизи бонувон, хушунати хонаводагӣ, озору азияти ҷинсӣ баромада, раҳоии хоҳарон Хачатурян ва Юлия Светкова, қатъи таъқиби ҳамҷинсгароёнро талаб карданд.

Фаъолони ҳаракати рӯ ба Кремл - "НОД" низ ба сафи тазоҳургарон пайвастанд, вале бо дархости пулис як соат баъд пароканда шуданд.

Фаъолони ҳаракати "Гуруҳи ташаббускори ҳаштум" дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамоишеро баргузор карданд. Онҳо дар даст шиорҳои "Худро дӯст доштан инқилоб аст", "Хушунат арзиши ғайриоилавӣ" ва "Озодӣ ба занони маҳбуси сиёсӣ"-ро доштанд.

Ҳамоишҳо ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи бонувон дар шаҳрҳои Новосибирск, Красноярск ва Тюмен низ баргузор шуданд.

XS
SM
MD
LG