Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Евровидение" Русияро гурӯҳи Little Big муаррифӣ мекунад


Гуруҳи Little Big.
Гуруҳи Little Big.

Гуруҳи Little Big дар озмуни мусиқии "Евровидение" дар соли 2020 аз Русия намояндагӣ мекунад. Дар ин бора Шабакаи аввали Русия хабар дод. Суруде, ки ин гуруҳ дар озмун иҷро хоҳад кард, дертар муаррифӣ мешавад.

Гуруҳи мазкур бо оҳангҳои танзомезаш машҳур аст, ки намоҳанги Skibidi намунае аз онҳост. Ин намоҳанг дар Youtube 360 миллион бор дида шудааст.

"Евровидение" - озмуни машҳури телевизионӣ аст, ки соли 1956 ба ин тараф баргузор мешавад. Русия дар ин озмун соли 2008 ғолиб омада буд.

Соли ҷорӣ озмуни мазкур аз 12 то 16 май дар шаҳри Роттердами Нидерланд баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG