Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери узбекро барои танқиди фурӯши арақ дар назди масҷид латукӯб карданд


Акси Отабек Нуриддинов аз саҳифаи ӯ гирифта шудааст
Акси Отабек Нуриддинов аз саҳифаи ӯ гирифта шудааст

Дар Узбекистон соҳибони як фурӯшгоҳи нӯшокиҳои спиртии ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон 18 феврал блогер Отабек Нуриддиновро шадидан латту кӯб кардаанд.

Блогери узбек дар Фейсбук навишт, ки ӯро ба хотири як навиштааш дар бораи фурӯши машрубот дар назди масҷиди ба номи Холид ал-Валиди ноҳияи Асака латукӯб ва лабу даҳонашро хуншор кардаанд. Санҷиши ҳодиса оғоз шудааст.

Модари блогер Матлуба Қурбонова гуфт, писараш 18 феврал ба ташхиси судӣ-тиббӣ муроҷиат кард ва табибон сатҳи зарари ҷисмонии вайро "вазнин" арзёбӣ кардаанд.

"Зане, ки дар наздикии яке аз масҷидҳои Асака фурӯшгоҳи машрубот дорад, ҳамроҳи ду писараш ба хонаи мо омад. Онҳо дар аввал аз писарам хостанд, ки ба хубӣ навиштаашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунад. Писарам дар посух гуфт, агар онҳо қонунӣ фаъолият дошта бошанд, навиштааро пок мекунад. Вале дар ҳамин вақт ду писари зан ногаҳон ба Отабек ҳамла карданд", - изҳор дошт Қурбонова.

Як корманди Шуъбаи пулиси Асака бо тасдиқи ин хабар ва ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "нисбат ба ҳамаи гунаҳкорон чораандешӣ хоҳад шуд".

Блогер Нуриддинов 30 декабри соли гузашта бо ҷурми туҳмат, таҳқир ва майдаавбошӣ ҷарима ва 15 шабонарӯз ҳабс шуда буд. Зидди вай раиси ноҳияи Асака, мудири мактаби ноҳия ва сардори Идораи маорифи вилояти Андиҷон шикоят карда буданд. Нуриддинов дар бораи фасодкорӣ дар шуъбаи маорифи Асака ва идораи маорифи Андиҷон матлаберо нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG