Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси идораи андози Восеъ ба ришвагирӣ муттаҳам шуд. Наздиконаш шарҳ надоданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маъмурони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб Олим Чиллазода, раиси идораи андози ноҳияи Восеъро бо гумони гирифтани "пора" дастгир карда, пас аз 72 соат бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо намудаанд. Худи ӯ ва наздиконаш аз изҳори назар кардан дар ин робита худдорӣ варзиданд.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Оҷонси мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "Олим Чиллазода барои гирифтани пора боздошт шуд. Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "гирифтани пора" парванда кушода шудааст".

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки аз қазияи Чиллазода хабар доранд, ӯ рӯзи шанбеи 8-уми феврал дар утоқи кориаш ва гӯиё ҳангоми гирифтани ришва дастгир шудааст.

Оҷонси мубориза бо фасод ба далели идома доштани тафтишот маблағеро, ки Чиллазода ба гирифтани он муттаҳам аст, ошкор намекунад.

Ҳамкорони Чиллазода мегӯянд, ӯ солҳои дароз дар идораи андоз кор мекард ва то таъин шудан ба мақоми раиси нозироти андози Восеъ дар ин симат дар ноҳияи Панҷ ва баъдан ноҳияи Ҷайҳун буд.

Радиои Озодӣ талош кард, ки бо наздикону пайвандон ва худи ӯ тамос бигирад ва назарашонро дар робита ба ин қазия бипурсад, вале онҳо аз суҳбат худдорӣ карданд.

Боздошти раиси нозироти андоз дар ноҳияи Восеъ пас аз он сурат мегирад, ки президенти Тоҷикистон 10-уми майи соли 2019 дар мулоқот бо кормандони блоки иқтисодӣ аз кори нозирони андоз сахт танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ ба соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳо фишор меоранд ва тамаъҷӯӣ мекунанд.

Ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоста буд, ки назорати кори ходимони гумруку андозро пурзӯр кунанд.

Президент дар ин суханрониаш ишора ба видеои эътирози соҳибкорон дар ноҳияи Шаҳритус, хитоб ба кормандони андоз гуфт, "аз ноҳияи Шаҳритус дар Интернет навор гузоштанд. Тамошо кардед? Корманди андоз ба ҷони мардум расидагӣ!"

Дар пайи рейди кормандони андоз моҳи апрели 2019 дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус савдогарони бозор, аксаран занон, эътироз карданд. Дар идома мақомот се соҳибкор, аз ҷумла ду занро ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва муқобилият нишон додан ба кормандони андоз айбдор карда, ба зидди онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

Додгоҳи Шаҳритус Кароматулло Шехов яке аз тоҷирони эътирозгарро 6 рӯз ҳабс кард.

Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, бархе аз соҳибкорон молиёт намепардозад ва ин сабаб мешавад, ки буҷа пур нагардад. Соҳибкорон мегӯянд, андоз хеле зиёд аст ва бар илова нозирон аз онҳо "ҳақ" металабанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG