Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси сартосарии хонандаҳо дар Самарқанд пас аз бордор шудани 3 мактабхон


Дар ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд се хонанда ҳомила шудаанд, вале идораи маорифи ноҳия талош дорад, ин иттилоъро аз ҷомеа пинҳон кунад. Як манбаъ дар мақомоти тандурустии Самарқанд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳоло тамоми хонандаҳои ноҳияи Тайлоқро иҷборан аз ташхис мегузаронанд.

"Ин иқдом пас аз афзоиши ҳолатҳои ҳомиладоршавӣ миёни хонандагон рӯи даст гирифта шудааст. Ахиран маълум шуд, ки се хонанда ҳомиладор шудаанд. Бинобар ин, мақомот дастур доданд, ки ҳамаи хонандагон аз ташхис гузаронида шавад",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин хабарро омӯзгори мактабе низ тасдиқ кард, ки яке аз хонандагони ҳомиладор дар он таҳсил мекард.

Намояндаи ҳукумати ноҳияи Тайлоқ дар суҳбати кутоҳи телефонӣ аз посух ба суол дар бораи теъдоди ҳолатҳои ҳомиладорӣ миёни хонандагон фирор кард, аммо иттилоъ дар бораи се хонандаро рад ҳам накард.

"Се хонанда 17-сола ҳастанд. Аз 1 сентябри соли гузашта дар Узбекистон иҷозат дода шудааст, ки духтарон аз сини 18 издивоҷ кунанд. Бинобар ин, рӯзҳои наздик онҳоро ба шавҳар хоҳанд дод. Духтарон бо хоҳиши худ алоқаи ҷинсӣ кардаанд. Касе онҳоро маҷбур нанамудааст. Хонандагони боқӣ аз ташхиси муқаррарии тиббӣ мегузаранд",-афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG