Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон назорат дар марз бо Чинро пурзӯр кард


Марзи Қирғизистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Қирғизистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Қирғизистон дар пайи паҳншавии вируси нав дар Чин чораҳои нави пешгирикунандаеро рӯи даст гирифтаанд. То ба ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба ин вирус дар Қирғизистон қайд нашудааст.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳамаи мусофироне, ки аз Чин вориди ин кишвар мешаванд, аз санҷиши иловагӣ хоҳанд гузашт. Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди вируси 2019-nCoV ба Қирғизистон дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Чин назорати санитарӣ пурзӯр шудааст.

Динара Оторбаева, як масъули Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати санитарии Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, "то ҳол дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин вирус сабт нашудааст. Ҳамкорони мо ҳоло дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Чин ва фурудгоҳҳо фаъолият доранд. Мутахассисон ҳамаи мусофиронеро, ки аз Чин меоянд, аз санҷиш мегузаронанд",-афзуд ӯ.

Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То 22-уми январ аз таъсири ин вирус 17 кас ҷон бохта, ҳудуди 570 нафар ба он мубтало шудаанд.

Дар марзу фурудгоҳҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба хотири пешгирӣ аз сирояту паҳни вируси чинӣ назорати санитарӣ пурзӯр карда шудааст.

XS
SM
MD
LG