Ба далели гирифтории сартосарӣ ба бемории зуком дар беморхонаҳои Тошканд камбуди бистар мушоҳида мешавад. Дар натиҷа табибон маҷбур шудаанд, ки бархе аз беморонро дар долони беморхона бистарӣ кунанд.
"Дар бемористони №1 ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд шумораи кӯдакони бемор хеле зиёд аст. Дар беморхона ҳатто як курсии холӣ боқӣ намондааст. Модарон барои сиҳатии фарзандонашон ба ҳама чиз омодаанд. Онҳо аз табибон хоҳиш мекунанд, ки ҳадди ақал як курсӣ диҳанд. Долонҳо сарданд, модарон дар бистари фарзандонашон хоб мераванд",-нақл кард як шоҳиди ҳодиса.
Як намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Тошканд тасдиқ кард, ки бархе аз бемористонҳо чунин ҳолат доранд. Ба гуфтаи вай, айни ҳол дар Тошканд ҳамагӣ панҷ бемористони кӯдакона амал мекунад ва дар маҷмӯъ 1267 бистар доранд.
Ин намоянда мегӯяд, соли аввал нест, ки барои афзоиши шумори бистарҳо дар бемористонҳо талош карда мешавад, аммо барои шаҳре, ки 2,5 миллион аҳолӣ дорад, ин талошҳо нокифоя ҳастанд.