Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси вакилони тоҷик дар бораи таҳсил дар мактабҳои нави русӣ


Муаллимон дар Русия. Акс аз бойгонӣ
Муаллимон дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ созишнома дар бораи сохтмони панҷ мактаби русиро дар кишвар қабул карданд. Ин санад пештар байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ба имзо расида буд. Аммо баъзе аз вакилони тоҷик гуфтанд, дар ин мактабҳо на фақат таърихи Русия, балки таърихи Тоҷикистон омӯзиш дода шавад. Президенти Русия дар моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, барои "мутобиқ кардани муҳоҷирон аз Осиёи Миёна" дар кишварҳои минтақа мактабу донишгоҳҳои русӣ фаъол шаванд.

Чанд суол аз муовини вазир

Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми муаррифии созишнома дар порлумон гуфт, "Русия дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода панҷ мактаб месозад."

Раҳматулло Мирбобоев
Раҳматулло Мирбобоев

Ба иттилои ӯ, таълим дар ин мактабҳо пурра ба забони русӣ буда, дар ҳар мактаб (дар як баст) таҳсили 1200 хонанда пешбинӣ шудааст. "Муҳлати сохтмони мактабҳо то 3 сол ба нақша гирифта шудааст", -- афзуд ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, гуфт, мактабҳо танҳо бо омӯзиши таърихи Русия маҳдуд нашаванд ва дар онҳо бояд таълими таърихи Тоҷикистон низ ба роҳ монда шавад. Ӯ аз муовини вазири маориф пурсид, ки чунин нақша ҳам доранд, ё не. Мирбобоев гуфт: "Кӯшиш мекунем, аксар китобҳои таълимии Тоҷикистонро то моҳи сентябри имсол бо забони русӣ тарҷума ва чоп кунем."

Муаллимон аз Русия ё аз Тоҷикистон?

Муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон пас аз қабули созишнома дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё бо сохтмони мактабҳои нави русӣ ҷалби омӯзгорон аз Русия афзоиш меёбад, ё не гуфт, талош доранд муаллимонро аз ҳисоби мутахассисони худӣ зиёд кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи порлумон баъзе вакилон аз камбуди омӯзгорони тоҷик, ки бо забони русӣ таълим диҳанд, нигаронӣ доштанд.

Раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров низ гуфт, "набояд ба умеди он шуд, ки боз аз Русия омӯзгор меояд ва дар 5 мактаб дарс медиҳад."


Русия соли 2018 бо дархости Тоҷикистон 55 муаллими забони русӣ, риёзиёт, кимиё ва биологияро барои таълим дар мактабҳо фиристод. Қисме аз маоши онҳоро Тоҷикистон ва қисмеро Русия пардохт мекунад. Бисёриҳо мақомоти Тоҷикистонро барои чунин тасмим танқид карда буданд.

Мирбобоев мегӯяд, барои таъмини мактабҳои русӣ аз ҳисоби омӯзгорони худӣ дар баъзе донишгоҳҳо "омода кардани муаллимони донандаи хуби русиро" ба роҳ мондаанд.

Путин чӣ мегӯяд?

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, моҳи декабри соли 2019 дар нишасти хабарии солонааш гуфт, ки "мутобиқ шудани муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мушкилтар аст" ва пешниҳод кард, ки Русия дар кишварҳои минтақа мактабҳои русӣ, намояндагии донишгоҳҳоро фаъол кунад ва давраҳои омӯзиши забони русиро ба роҳ монад.

"Он вақт одамоне, ки аз Осиёи Миёна ба кишвари мо меоянд, худро роҳат эҳсос хоҳанд кард ва нороҳатии мардуми бумӣ низ аз байн хоҳад рафт," -- шарҳ дод ӯ.


Забони русӣ дар Тоҷикистон айни замон мувофиқи қонун мақоми давлатӣ надорад ва танҳо забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст. Коргузорӣ дар тамоми идораҳои давлатӣ асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо матни қонуну қарорҳои ҳукумат бо тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Маҳбубияти дубораи забони русӣ?

Аммо ба мушоҳидаи нозирон ҳанӯз мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон пойбарҷост ва солҳои охир нуфузи дубора касб мекунад.

Дар як соли охир дар Тоҷикистон теъдоди мактабҳое, ки таҳсил дар онҳо ба забони русист, 10 адад бештар шудааст.

Аҳолии русзабон дар Тоҷикистон ақаллияти камшуморро ташкил медиҳад, вале масъулон мегӯянд, талабот ба таҳсил бо забони русӣ аз ҳисоби сокинони бумӣ зиёд мешавад. Коршиносон ин вазъиятро ба муҳоҷирати мавсимии тоҷикон ба Русия ва кӯчидани хонаводаҳо ба он кишвар рабт медиҳанд.

Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 200 мактаби русӣ фаъол аст, ки аз ин 32 мактаб фақат бо забони русӣ ва боқимонда бо забонҳои русиву тоҷикӣ ва англисӣ таълимро ба роҳ мондаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG