Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Қазоқистон хост, қазоқтаборони Шинҷонро ба Чин истирдод накунад


Human Rights Watch (HRW) - созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи инсон аз мақомоти Қазоқистон хост, ки ду қазоқтабори фирорӣ аз Шинҷон - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулиро ба Чин истирдод накунанд.

Ин ду қазоқтабор дар Қазоқистон дар "убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" айбдор ва парвандаашон дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

HRW мегӯяд, ҳуқуқи байналхалқӣ истирдоди фирориёнро ба кишварҳое манъ кардааст, ки эҳтимоли таъқиб ва шиканҷаи фирориён мавҷуд аст.

"Мақомот бояд фавран айбномаҳои фирориёни Чинро бекор ва муҳокимаи додгоҳиро қатъ кунанд ва ҳамзамон кафолат диҳанд, ки ин афрод ба Чин истирдод намешаванд. Қазоқистон бо истифода аз ин имкон метавонад, собит кунад, ки ба фарқ аз даврони пешин уҳдадориҳои байналхалқиашро иҷро ва ҳуқуқи фирориёнро риоя мекунад",-навиштааст Лора Миллс, муҳақиқи HRW.

Amnesty International - созмони дигари байналхалқии ҳомии ҳуқуқ дар моҳи декабри соли гузашта низ аз мақомоти Қазоқистон айни ҳамин даъватро карда буд.

Додгоҳи ноҳияи Зайсани вилояти Қазоқистони Шарқӣ 6 январ баррасии парвандаи қазоқтаборон Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулиро бо ҷурми "барқасдона ғайриқонунӣ гузаштан" аз марзи Қазоқистон оғоз кард.

Дар сурати исботи ҷурм қазоқтаборон як сол аз озодӣ маҳрум ва аз Қазоқистон ихроҷ хоҳанд шуд. Вале фаъолони мадании Қазоқистон даъват доранд, қазоқтабороне, ки аз таъқибҳо дар Шинҷони Чин ба ин кишвар фирор кардаанд, бозпас фиристода нашаванд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1 октябри соли гузашта марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябри соли 2019 муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

XS
SM
MD
LG