Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 17 нафар дар ҳамлаи Толибон ба вилояти Тахор


Толиқон, маркази вилояти Тахор
Толиқон, маркази вилояти Тахор

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки рӯзи 29-уми декабр дар ҳамлаи Толибон ба вилояти Тахор, дар наздикии сарҳади Тоҷикистон, 17 нафар кушта шудаанд. Ба қавли сухангӯи волии Тахор, ҳамла фармондеҳи ниманизомиёнро ҳадаф қарор дода буд, вале ӯ безарар фирор кардааст. Вай гуфт, минтақа феълан зери назорати нирӯҳои давлатӣ аст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гуфтааст, гуруҳ масъулияти ҳамларо намепазирад. Рӯзи 28-уми декабр дар ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи ҳарбиён дар вилояти Ҳилманд даҳ сарбози афғон кушта шуданд. Дар ҳоле ки музокироти Амрико барои поён додан ба ҷанги ҳаждаҳсола бо Толибон идома дорад, ин гуруҳ ба ҳамлаҳо идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG