Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 11 зодаи Осиёи Марказӣ дар Русия


Ҳукми 11 зодаи Осиёи Марказӣ дар Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Як Додгоҳи низомӣ дар Санкт-Петербург 11 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро дар таркиши маргбор дар метрои ин шаҳр, мусоидат ба фаъолияти террористӣ, қочоқи маводи тарканда ва иштирок дар иттиҳоди террористӣ гунаҳкор донист. Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург рӯзи 10-уми декабр дар "Телеграм" паём дод, ки як нафар аз муттаҳамон ба ҳабси абад ва дигарон аз 19 то 28 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунон онҳоро ба пардохти аз 500 то 800 ҳазор рубли русӣ (муодили аз 9 то беш аз 13 ҳазор доллар) муваззаф намуд. Вокуниши наздикон ва вакилони маҳкумшудаҳо дастрас нест. Пештар ҳамаи онҳо айбро напазируфта буданд.

XS
SM
MD
LG