Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Золотая корона" аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон маҳрум шуд. ВИДЕО


Бонки Миллии Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки пули худро аз хориҷа танҳо ба воситаи низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" фиристанд ва аз хадамоти шабакаҳои дигар, аз ҷумла "Золотая корона", муваққатан даст кашанд. То ин дам беш аз 80 дарсади пули муҳоҷирон ба воситаи "Золотая корона" ба Тоҷикистон меомад ва тасмими ахири Бонки миллӣ бисёриҳоро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар интиқоли пул аз хориҷа ба Тоҷикистон ё баръакс мушкил доранд.

Ин вазъ баъди он пеш омад, ки рӯзи 3-юми декабр дар Тоҷикистон Маркази миллии интиқоли пул, як шабакаи зери назорати Бонки миллӣ фаъол шуд. Низомҳои байналмилалии интиқоли пул маҷбур ҳастанд, ба ин марказ пайваста, дар суратҳисобҳои худ дар Бонки миллӣ маблағи кофӣ гузоранд.

Мақомоти Бонки миллӣ ҳадаф аз ин тасмимро «пешгирӣ аз пулшӯӣ» ва «беосеб расондани пули муҳоҷирон ба наздиконашон» медонанд. Аммо баъзе аз коршиносон ҳадафи асосӣ будани ин тасмимро зери суол мебаранд. Онҳо мегӯянд, зоҳиран Бонки миллӣ мехоҳад, ба бозори калони интиқоли пул, ки танҳо дар нӯҳ моҳи ахир аз Русия ба Тоҷикистон наздики 2,5 миллиард доллар фиристода шудааст, шарик шавад ва ё ин бахшро зери инҳисори худ бигирад.

Бонки миллӣ хост, танҳо тавассути ду шабака ба Тоҷикистон пул фиристанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ рӯзи 4-уми декабр гуфт, ҳоли ҳозир танҳо "Юнистрим" ва "Контакт" дар Тоҷикистон ҳаққи кор доранд. Хадамоти Western Union, ба гуфтаи масъулони Бонки миллӣ, рӯзҳои наздик фаъол хоҳад шуд. Як рӯз пеш масъулони ин шабака ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба сабабҳои вобаста аз Тоҷикистон интиқоли пулро ба кишвар қатъ кардаанд.

"Минбаъд аз ҷониби созмонҳои қарзӣ рамзҳои 9-рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд," – гуфтанд дар Бонки Миллӣ.

Дар баробари "Золотая корона" интиқоли маблағ тавассути низомҳои байналмилалии "Близко" ва MoneyGram низ ба Тоҷикистон феълан қатъ шудааст. Бонки Миллӣ “Золотая корона”-ро ба иҷро накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон муттаҳам карда, мегӯяд, танҳо дар сурати пайвастан ба маркази миллии протсессингӣ дубора ҳаққи интиқоли маблағ ба кишварро пайдо мекунад. Масъулини низоми “Золотая корона” мегӯянд, иҷрои талаботи Бонки миллӣ эҳтимоли нақзи қонунгузории Русияро дар пай дорад ва онҳо бо мақомоти тоҷик дар ин бора музокиротро идома медиҳанд.

Дар ин миён суолҳое ҳам пайдо шуд, ки агар пайвастан ба маркази протсессингии Бонки миллӣ ба қонунгузории Русия мухолифат дорад, пас, чаро ду низоми русӣ – «Юнистрим» ва «Контакт» - ба он марказ пайвастанд? Мария Михайлова, Анҷумани ширкатҳои интиқоли пули Русия гуфт, ду низоми пайвастшуда ҳамаи рискҳоро ба уҳдаи худ гирифтаанд.

“То ҳол Бонки марказии Русия посухи худро надодааст ва низомҳое, ки пайвастаанд, ҳамаи хавфҳои эҳтимолиро ба уҳдаи худ гирифтаанд. Онҳо намедонанд, ки ин кор барояшон бо чӣ меанҷомад,” – шарҳ дод ӯ.

Мутахассисони соҳаи бонкдорӣ мегӯянд, “Юнистрим” ва “Контакт” ба Тоҷикистон маблағи хеле кам мефиристанд ва пеш омадани ягон мушкил дар Русия барояшон вазнин намеафтад. Вале ба гуфтаи мутахассисон, низоми “Золотая корона” беш аз ҳаштод дарсади маблағҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад ва пайвастан ба маркази протсессингии Бонки миллӣ барояш хавфи зиёдеро метавонад пеш орад.

Аммо танҳо муҳоҷирон нестанд, ки дар интиқоли маблағ ба Тоҷикистон мушкил доранд. Фиристодани маблағ аз Тоҷикистон ба хориҷа низ дар ду рӯзи ахир мушкил шудааст. Абдулло, як сокини Душанбе мегӯяд, ба фарзандаш, ки дар Маскав таҳсил мекунад, бояд пул фиристад, вале дар бонкҳои пойтахт ба ӯ гуфтаанд, феълан ба хориҷа маблағ интиқол дода наметавонанд.

“Писарам донишҷӯ аст ва ба маблағ ниёз дорад. Вақте дар асри 21 ба воситаи бонк пул фиристода нашавад, ба куҷо равем дигар?” – суол гузошт ӯ.

Бо вуҷуди интиқодҳои зиёд мақомоти Бонки миллӣ аз тасмими худ ҳимоят мекунанд. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Тоҷикистон гуфт, «ҳадаф аз таъсиси ин низом он аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ҳифз шуда, дар сурати муфлис шудани низоми пардохтӣ, маблағҳои онҳо пардохт шавад.»

Аммо суолҳое ҳам пайдо шуданд, ки оё таъсиси ин марказ танҳо ва ягона роҳи ҳифзи пул ва ҳуқуқи муҳоҷирон буд ва чаро Бонки миллӣ роҳҳои дигарро наозмудааст ва чаро ҳама амалиёти пулгузаронӣ бояд аз тариқи як марказ анҷом гирад? Бархеи дигар аз эҳтимоли монополия шудани ин бахш аз тарафи Бонки Миллӣ ҳам суҳбат мекунанд. Суолҳое, ки масъулони Бонки миллӣ то ҳол ба он посух надодаанд.

Тоҷикистон дар гузашта низ ташкили марказҳои вижа барои зери назорат гирифтани бахшҳои сердаромадро таҷриба кардааст. Аз ҷумла, чанд сол пеш Тоҷикистон маркази ягонаи коммутатсиониро ташкил дод, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетро муваззаф кардааст, танҳо аз хадамоти алоқа интернет бигиранд. Дар гузашта ширкатҳо мустақилона метавонистанд аз Қирғизистон ва ё кишварҳои дигар интернет бигиранд. Он замон низ мақомот сабабҳои амниятиро ҳадафи асосии тасмими худ гуфта буданд. Вале масъулони ширкатҳо инҳисори соҳа номиданд.

Тағйири нав дар интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз онҷо боис ба сарусадои зиёд дар ҷомеаи кишвар шудааст, ки зиндагии бисёре аз маблағи фиристодаи муҳоҷирон вобаста аст. Дар ду рӯзи ахир даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд, ки дар интиқоли маблағ ба Тоҷикистон мушкил доранд.

Тибқи омори расмӣ муҳоҷирон дар нуҳ моҳи имсол ба кишвар наздики дуним миллиард доллар фиристодаанд. Пулҳое, ки ба воситаи низомҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон расидаанд.

XS
SM
MD
LG