Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷин"-и харобкор дар хонаи сокини Фархор? ВИДЕО


Бобояш мегӯяд, ин навиштаҳо дар бадани наберааш мумкин кори дасти "ҷин" ё ҳар чизи дигаре бошад.
Бобояш мегӯяд, ин навиштаҳо дар бадани наберааш мумкин кори дасти "ҷин" ё ҳар чизи дигаре бошад.

Як сокини ноҳияи Фархор иддао дорад, ки чаҳор сол боз хонаводаи ӯро ҳодисаҳои ғайривоқеӣ дунболагир буда, азият медиҳад. Вале санҷиши ин иттилоъ ва исботи илмии он дастрас нест.

Сангпартоӣ, оташсӯзӣ, пайдо шудани навиштаҷоти аҷибу ғариб дар бадани кӯдакон ва дару девори хона аз ҳодисаҳоест, ки пайваста хонаводаи Рустамбек Сафиев дар деҳаи Файзободи ноҳияи Фархор шоҳиди он мешаванд. Чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ҳам дар гузашта расонаӣ шуда буд, ки сокинон онро ба махлуқи ноаён рабт медоданд, аммо мақомот баъд аз таҳқиқ вуҷуд чунин чизеро рад мекарданд.

Рустамбек Сафиев, сокини 54-солаи деҳаи Файзободи ноҳияи Фархор рӯзи 3-юми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодисаҳои аҷибу ғариб, ки аъзои хонаводаи ӯро тарсонидаааст, номаълум ва бидуни ягон сабабе рух медиҳанд. Ӯ мегӯяд, барои ошкор кардани ин ҳодисаҳо аз пулису ҳам муллову табибон кӯмак хост, вале бенатиҷа буд.

Самиев ҳодисаҳои аҷибу ғариб дар хонаашро чунин нақл кард: "Бештар аз чор сол мешавад. Аввал ба хона санг мезананд, баъдан парда беҳуда оташ мегирифт ё гилеми хона месӯхт. Баъд навиштаҷоти нофаҳмо дар деворҳо пайдо шуд. Рӯзе дар бадани набераи хурдсолам чунин навиштаҳоро пайдо кардем. Гоҳи дигар ҷевони хона чаппа мешавад. Ин чӣ аст ва кори кӣ аст агар инро Худованд надонад, ман дигар нафаҳмам".

"Ҷин"-и харобкор дар хонаи сокини ноҳияи Фархор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Ин сокини ноҳияи Фархор чанд аксу видеоро дорад ва иддао мекунад ҳамаи онро махлуқи ноаёне анҷом медиҳад. Ӯ 20 сол пеш ин заминро харидаву манзили зист бунёд кардааст ва бо 7 фарзандаш онҷо зиндагӣ мекунад. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, бо ин мушкил танҳо мондааст ва кор ба ҷое кашидааст, ки фарзандонаш аз тарс дучорӣ беморӣ шудаанд.

Ҳамсояҳои ин мард ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳақиқат хонаводаи Рустамбек чандин сол боз бо ин мушкил ва вайронкориҳои "махлуқи ноаён" рӯбарӯ аст. Маҳбуба, яке аз ҳамсояҳои наздики Рустамбек гуфт, чунин ҳолат боиси нигаронии ҳамсояҳо низ шудааст.

Вай меафзояд, "омада ба чашми худ бубинед, баъд мефаҳмед, ҳар гуна навиштаҷотҳое аст, ки мо наметавонем онҳоро хонем, ҳар гоҳе ба хонаҳои онҳо равем, шоҳиди чунин навиштаҷотҳо мешавем. Дар хона муносибаташон бо келин хуб менамояд ва то ҳол мо ҳам намедонем, ки чаро чунин ҳолат дар манзили ин хонавода рух медиҳад".

Азбаски мақомот пас аз муроҷиатҳои пайдарпайи Самиев ба мушкили ӯ расидагӣ накарданд, барои таваҷҷӯҳи мақомот мехоҳанд, ин мушкилашро расонаӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, Сафаралӣ Сангов як масъули ҷамоати Файзобод дар ноҳияи Фархор вуҷуди ин ҳодисаро дар манзили ин сокин тасдиқ кард ва гуфт, ки ин мушкил солҳо боз идома дорад. Ба гуфтаи ин масъули ҷамоат, ҳафтаи пеш ҳам писари ин мард ба назди онҳо омада, аз бесабаб афтидани ҷевони хонааш хабар додааст.

Вай афзуд, "ба фикрам мушкил дар келини хонавода аст, чун фаҳмида будем, ки ин ҳодисаҳои аҷибу ғариб дар аввал бо ӯ рух медод, вале мо ҳам нафаҳмидем чӣ гап аст. Вақте рафта онҷоро дидем, дар ҳузури мо ҳеҷ чунин ҳодиса руй надода буд".

Бархеҳо ҳам ҳадс мезананд, ки шояд муносибати келин бо узви дигари хонавода хуб нест ва ин боиси пайдо шудани чунин мушкил дар ин оила шудааст. Аммо худи Рустамбек Сафиев гуфт, ӯ як писар дорад ва ҳамсари ӯ келини ягонаи хонавода буда, ҳеҷ муноқишае бо онҳо рух надодааст.

Рустамбек Сафиев
Рустамбек Сафиев

Дар гузашта низ чунин ҳодисаҳо, ки дурустӣ ва нодурустии онҳоро исбот кардан душвор аст, дар минтақаҳои дигар низ рух дода, мардумро моҳҳо дар ҳарос нигаҳ доштааст. Аз ҷумла, соли гузашта дар Ҳисор хабарҳое пахш шуд, ки шабона аз чанд хона ба сӯи хонаҳои дигар санг мепарид ва болопӯши бомҳоро сӯрох мекард. Ин ҳолат як моҳ давом кард. Аммо баъдан маълум шуд, ки дар наздикии деҳа пойгоҳи низомӣ ҷойгир аст ва сарбозон барои шӯхӣ мардуми маҳалро ба ҳарос меоварданд.

Ҳодисаи дигар ба ин монанд тобистони соли гузашта сокинони маҳаллаи Заҳматободи шаҳри Душанберо сахт тарсонида буд. Дар ин маҳалла хабарҳое паҳн шуд, ки шахси ниқобпӯше шабона асосан аз як бом ба боми дигар меҷаҳад ва ноаён ба хонаҳо ворид мешавад. Якчанд нафар низ иддао карданд, ки ба истилоҳ ин мавҷудотро ба чашми худ дидаанд. Ӯ дар чеҳра ниқоби сиёҳ дораду чашмонаш намудоранд ва ҳарфе намезанад.

Баъд аз расонаӣ шудани ин хабарҳо ин махлуки ноаён аз ин маҳалла нопадид шуд. Баъзеҳо ҳадс мезаданд, шояд ӯ ягон ҷавони шӯхи паркурбоз буд, ки аз бом ба боме меҷаҳад ва аз инки даҳҳо нафарро метарсонад, лаззат мебарад.

XS
SM
MD
LG