Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба худ биоед... каме ғами мардумро ҳам хӯред." Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар шумори нави "Озодӣ Онлайн" аз баҳси хонандагон дар бораи шиносномаи пластикӣ ва додугирифти Тоҷикистону Чин хоҳем гуфт.

Шуруъ мекунем аз баҳси шиноснома. То замони иваз кардани шиносномаи коғазӣ ба пластикӣ дар Тоҷикистон тақрибан ду моҳи дигар мондааст. Дар ҳоле ки норозигии сокинон ҳарчӣ бештар мешавад, мақомот мегӯянд, танҳо онҳое бояд шиносномаи коғазии худро иваз кунанд, ки соҳиби симкорт ҳастанд. Яъне, дигарон набояд шитоб варзанд.

Вале як корбар бе зикри номи худ дар вебсайти Радиои Озодӣ навишт, “ба нафақахӯрон бо шиносномаи кӯҳна нафақа намедиҳанд. Дирӯз шоҳиди ин воқеа будам.”

“Иқтисодчӣ” гуфтааст, “ҳамаи ин ба манфиати давлат аст, на ба манфиати халқ.” Вай афзудааст, “давлатҳои дигар, аз ҷумла Русия, то ҳол ҳамон шиносномаи сурхи кӯҳнаро истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон аллакай дафъаи 4-ум ё 5-ум аст, ки шиносномаро иваз мекунанд. Дар Тоҷикистон ҷойи кор нест, вале симкорту шиноснома – баҳонаи тайёр.”

Фирӯз Шарифов дар “Инстаграм” гуфтааст, фурсат барои гирифтани шиносномаи пластикӣ хеле кӯтоҳ аст. “Каме ғами мардумро ҳам хӯред. Мо бекор нестем. Баъзан барои сар хоридан вақт намеёбем”, - шиква кардааст ӯ.

Марям Давлатова дар “Фейсбук” мегӯяд, “долонҳои идораи шиносномадиҳӣ дар вақтҳои дигар ҳам гунҷоиши даҳ нафарро надоранд. Ғайр аз ин раванд дар ду-се коргоҳ сурат мегирад. Ҳавои гарм, одамони дилтангу асабӣ, кормандони хаста як ҳолати муташанниҷро эҷод кардаанд.”

Қарзҳои Чин ба Тоҷикистон бисёре аз корбаронро ором нагузоштааст. Чин дар як ҳафтаи ахир барои истифода аз кони нуқраи “Якҷилва” дар Мурғоб иҷоза гирифт ва ба бозсозии ширкати “Талко” беш аз ним миллиард доллар дод.

Яке аз корбарон дар вебсайти Радиои Озодӣ навишт, “ба худ биоед, қарзгириро бас кунед. Коргарони ҳукумат, фикри баргардонданро кунед. Ин пулҳои гирифтаро чӣ хел медиҳед?”

Корбари дигар гуфтааст: “Баъди рафтани чиниҳо ягон растанӣ дар Тоҷикистон қад рост карда наметавонад. Ба ҷойи обод кардани пойтахт аввал ҷойи кор бисозед, то нони хона пайдо шавад. Пойтахт обод бошад, вале мардум гурусна, чӣ даркор?”

“Перс” гуфтааст: “Чаро шартҳои қарордод бо Чинро ошкор намекунед? Бояд халқ донад.”

Вале Бежан Сӯҳробзод дар Фейсбук мегӯяд, “мо бе Чин наметавонем”.

Ба баҳсҳои доғ дар Фейсбук, Инстаграм ва вебсайти Радиои Озодӣ ҳамроҳ шавед. Ё ба мо нависед аз тариқи Вотсапп, Вайбер, Имо ва Телеграм ва ба ин шумора: +420 724 053 959. То дидор дар барномаи дигар!

Озодионлайн: Ба худ биоед, каме ғами мардумро хӯред
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

XS
SM
MD
LG