Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба Рӯҳонӣ: Ба хонаи дувуми худ, хуш омадед. ВИДЕО


Раҳбарони Тоҷикистону Эрон баъд аз чаҳор соли сардии равобит якдигарро гарм ба оғӯш кашиданд ва ба беҳтар шудани муносибатҳо таъкид карданд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ баъд аз зуҳри 15-уми июн дар Душанбе сурат гирифт. Президенти Тоҷикистон дар оғоз Рӯҳониро, ба қавли ӯ, ба хонаи дувумаш "хуш омадед" гуфт. Раиси ҷумҳури Эрон ҳам ҷавоб дод, ки худро чун дар ватан эҳсос мекунад ва омодаи хуб шудани муносибатҳост.

Дар бораи равобити Тоҷикистону Эрон дар инҷо бештар хонед:

Эҳёи дӯстии Тоҷикистон ва Эрон. Амри дил ё ишора аз берун?

Баъдан мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Дар ин мулоқот вазири умури хориҷӣ, молия, нақлиёт, обу энержӣ ва ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Раҳмон ба Рӯҳонӣ: "Ба хонаи дувуми худ, хуш омадед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

XS
SM
MD
LG