Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент буд, дуредгар шуд. ВИДЕО


Гардиши ҷиддӣ дар зиндагии Георгий Маргвелашвили, собиқ президенти Гурҷистон

Георгий Маргвелашвили тӯли панҷ сол президенти Гурҷистон буд: ӯ соли 2013 ба ин мақом интихоб шуда соли 2018 аз мақом рафт ва ба ҷои ӯ дар паи интихобот Саломе Зурабишвилӣ президент шуд. Маргвелашвили он замон 49 сол дошт ва бо назардошти ин ки таҷрибаи кофӣ дар сиёсат дораду дар гузашта дар мақоми вазири маориф ҳам кор кардааст, бисёриҳо бовар доштанд, ки ӯ фаъолияти сиёсиро идома медиҳад.

Вале Маргвелашвили роҳи дигарро интихоб кард. Ӯ дар шаҳраки Душетии вилояти Мсхета-Мтианети, дар 60-километрии шимоли Тифлис зиндагӣ ихтиёр кард. Дар ин макон ӯ соли 2004 бо арзиши 2500 доллар хона харида буд. Дар ин ҷо ӯ як хонае сохт, ки энержии каммасраф дорад, бомаш заминӣ аст ва чун манзили зисташ дар ҳамсоягии ин хона ҷойгир аст, тасмим гирифт аз ҳисоби иҷораи ин хона зиндагиро пеш барад. Сайёҳон хонаро иҷора гирифта, аз боғи президент мева мехӯранд. Меваву сабзаҷот ҳам дар боғи собиқ президент парвариш шудааст: анор аз дарахти тақдимкардаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва картошкааш аз тухмест, ки замоне президенти Беларус Аляксандр Лукашенко ба ӯ тақдим карда буд.

“Хонаи президентро” мешавад тавассути вебсайти Airbnb иҷора гирифт, ки як шабаш бар ивази 80 доллар пешниҳод мешавад. Дар давоми чанд моҳи ахир дар ин хона даҳҳо сайёҳи хориҷӣ меҳмон шудааст.

Инчунин президент дуредгарӣ ҳам мекунад. Ӯ бо дастони худ намунаҳое аз мебели хона ва ҷиҳози меҳмонхонаро сохтааст. Дар вақтҳои холиаш Маргвелашвилӣ дар Донишгоҳи умури ҷамъиятии Гурҷистон дарс медиҳад.

Собиқ президент мегӯяд, ки тамоми ин корҳоро ба он хотир кардааст, ки рӯзашро гузаронда тавонад. Бо сабаби ҷавон буданаш ҳоло ҳақи гирифтани нафақаро надорад: дар Гурҷистон занҳо аз 60 ва мардҳо аз 65-солагӣ ба гирифтани нафақа ҳақ доранд. Агар ӯ бо сабаби саломатӣ кор карда наметавонист, пас имкон дошт, ки дархости нафақа кунад. Дар ин сурат нафақаи ӯ на бештар аз 2600 доллар ё 7200 лир буд, чунки маоши президентиаш ҳамин андоза буд.

Ҳамсари президент қаблан ба телевизиони “Рустави-2” гуфта буд, ки барои зиндагӣ ҳеҷ пасандозе ҷамъ накардаанд.

Президенти собиқ дар кори туризму сайёҳи шахси бетаҷриба нест. 25 сол пеш баъди хатми донишгоҳ ӯ ба ҳайси роҳбалад кор карда муддате туристҳоро ба тамошои кӯҳистони кишвараш мебурд. Ҳоло мегӯяд, ки бо кори сабуктари ҷисмонӣ машғул мешавад.

“Ман аз ин кор лаззати маънавӣ мегирам, - гуфт сиёсатмадори собиқ дар сӯҳбат бо оҷонсии Reuters. – Меҳмонҳо ҳатман бардошти худро аз ин сафару меҳмондорӣ менависанд. Менависанд, ки чӣ манзараро диданд ваё дохили хона чигуна аст. Ман аз ин хурсанд мешавам”.

Маргвелашвилӣ дар фикри ин аст, ки ба иловаи хонаи иҷора як аспхона ҳам созад, то ки меҳмонҳо савори асп ба тамошои зебоиҳои минтақаи атроф бираванд. Дар нақша инчунин бунёди як майхонаи хонагӣ ҳам ҳаст, гуфт президенти собиқ.

Дар замони президентиаш Маргвелашвили танҳо чанд бор дар маркази моҷароҳои сиёсӣ қарор гирифтааст. Яке аз онҳо марбут ба домодаш Миндия Гогочури аст, ки духтари президент Анне Маргвелашвилиро ба занӣ гирифтааст. Гогочури ду дафъа мавриди сӯиқасди ҳамлагарон қарор гирифт, вале бо ҷароҳатҳои корду силоҳ ҷон ба саломат бурд. Духтари президент гӯё гуфтааст, ки полиси Гурҷистон ба писарони бархе сиёсатмадорон “халтачаи нашъа мепартояд”.

Вале дар мачмӯъ дар бораи президент бештар ба некӣ ёд мекунанд. Масалан, мегӯянд, ки соли 2015 ӯ шахсан дар поккории кӯчаҳои Тифлиси осебдида аз обхезии шадиде ширкат кардааст.

Маргвелашвили мегӯяд, ки туристони гурҷии меҳмони хонаи ӯ маъмулан медонанд, ки соҳиби ин манзил чӣ касе аст. Вале барои хориҷиҳо маъмулан ин хабар хеле ногаҳонӣ мешавад. Ба мушоҳидаи ӯ, туристони собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вақте мебинанд, ки собиқ президент дар як манзили оддии дуошёна зиндагии хоксорона дорад, хеле ҳайратзада мешаванд. Онҳо бовар намекунанд, ки дар хонаи шахсе зиндагӣ доранд, ки панҷ сол раҳбари давлат буд. Дар ин хона инчунин ҳамсари рассом ва ду фарзанди хурдсоли ӯ, ки яке чор ва дигаре яксола аст, бе муҳофизу дигар нишонаҳои қудрату сарват зиндагӣ мекунанд.

“Ман тарки сиёсат кардам ва бо ин амали худ мехоҳам ба дигарон намуна шавам, - мегӯяд ӯ. - Мехоҳам ба дигарон нишон диҳам, ки баъди сиёсат ҳам зиндагӣ идома дорад”.

Вақте аз ӯ мепурсанд, ки оё зиндагии пешинаашро дар мақоми президентӣ ёд намекунад? Хеле қотеъ мегӯяд: “На, ҳаргиз”.

Ӯ мегӯяд, панҷ соли кор дар курсии президентӣ хеле сахту пур аз стресс буд. “Ҳоло талош мекунам, ки орому бидуни ташвиш зиндагӣ кунам”.

XS
SM
MD
LG