Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи пирӯзии мухолифон дар интихоботи шаҳрдории Истанбул


Акрам Имомоғлу
Акрам Имомоғлу

Комиссияи олии интихоботии Туркия пирӯзии номзади Ҳизби мухолифи халқӣ-ҷумҳурӣ Акрам Имомоғлуро дар интихоботи шаҳрдории Истанбул эътироф кард. Дар ин бора хабаргузории Anadolu иттилоъ дод.

Ҳизби ҳокими адолат ва рушди президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон бори аввал аз соли 1994 ба ин тараф дар бузургтарин шаҳрҳо шикаст хӯрд.

Ахиран Ҳизби адолат ва рушд ба Комиссияи олии интихоботии ин кишвар шикоят бурда, хостори бекор кардани ҳамаи натиҷаҳои интихоботи шаҳрдори Истанбул шуд. Муовини раиси ҲАРТ Алииҳсон Ёвуз гуфт, ҳангоми баргузории интихоботи шаҳрдори Истанбул “қонуншиканӣ ва сохтакорӣ” шудааст.

Интихоботи шаҳрдорҳо дар Туркия 31 март баргузор шуд. Пас аз интихобот ҳизби ҳоким дар робита ба ҳисоби варақаҳои овоздиҳӣ дар Истанбул чанд шикоят кард. Комиссияи олии интихоботии Туркия баъзе аз ин шикоятҳоро қонеъ карда, дар чандин ҳавза варақаҳои овоздиҳиро дубора шумурданд.

Бино ба иттилои пешакӣ, дар интихоботи шаҳрдори Истанбул номзади Ҳизби мухолифи халқӣ-ҷумҳуриявии Туркия Акрам Иммомуғлу аз номзади ҳизби ҳоким чанд ҳазор раъйи бештар ба даст овардааст.

Дар интихоботи шаҳрдори Анқара, пойтахти Туркия номзади мухолифон Мансур Явош беш аз 50 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG