Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон метавон бо 1 ҳуҷҷат кумаки иҷтимоӣ гирифт


Рӯзи ҷумъаи 12 апрел муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Светлана Жакупова ба маркази шаҳрии шуғли аҳолӣ рафт. Вай мехост, ҷараёни қабули ҳуҷҷатҳоро барои дарёфти кумаки иҷтимоии суроғавӣ назорат кунад. Жакупова дар марказ бо шаҳрвандон гуфтугӯ кард.

Ахиран модарони серфарзанд назди бинои вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷамъ шуда, аз мушкилии таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти кумаки иҷтимоӣ шикоят карданд.

Муовини вазир дар марказ гуфт, ки "барои дарёфти кумаки иҷтимоӣ ҳамагӣ як ҳуҷҷат кофӣ аст. Комисия бояд худ ба вазорати адлия дархост ирсол намояд". Ба гуфати Жакупова, танҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият кофист, ки кумакҳои иҷтимоии суроғавӣ расонида шаванд.

Аммо шаҳрвандон гуфтанд, ки ҳангоми таслими ҳуҷҷатҳо танҳо шаҳодатномаи тасдиқи шахсият кофӣ нест. "Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро медиҳанд, ки ҳамаи онҳоро бояд ҷамъ орӣ. Танҳо бо шаҳодатнома чизе ҳал намешавад. Ҳуҷҷати ҷои зист, ариза аз мактаб, ҳуҷҷат дар бораи суратҳисоби бонкӣ. Ман ҳамаи инро 1,5 моҳ ҷамъоварӣ кардам", - гуфт Динара Омарова, модари чаҳор фарзанд.

Ба иттилои вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, то 11 апрел барои дарёфти кумакҳои иҷтимоии суроғавӣ 77 ҳазор шаҳрванд ариза додаанд.

XS
SM
MD
LG