Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғафур Раҳимов баъди панҷ моҳи президентӣ истеъфо дод


Ғафур Раҳимов
Ғафур Раҳимов

Тоҷир ва муштзани собиқи Узбекистон Ғафур Раҳимов, маъруф бо лақаби Ғафур-бойбача, аз мақоми президенти Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA) истеъфо дод. Ӯ ҳамагӣ панҷ моҳ пеш ба ин мақом интихоб шуда буд.

Раҳимов рӯзи 22-юми март сабаби истеъфояшро “ба баҳсҳои охир дар бораи мақоми бокс ҳамчун навъи варзиш” рабт дод. Вай ин баҳсҳоро на варзишӣ, балки “сиёсӣ” ва “ҳадафмандона” хонд.

Вазорати молияи Амрико номи Ғафур Раҳимовро ба далели иртиботаш бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст.

Охири моҳи ноябри соли гузашта ва баъди интихоби Ғафур Раҳимов, Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор кард, ки бокс аз рӯйхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 муваққатан берун карда шавад.

Ғафур Раҳимов дар гузашта яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбекистон ном бурда мешуд. Вазорати молияи Амрико ӯ ва чанд нафари дигарро “ба шустушӯи пул, ғасб, ришва ва тиҷорати маводи мухаддир” айбдор мекунад. Аммо худи ӯ ҳамагуна иттиҳомро рад кардааст.

Панҷ сол пеш нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, низ бо такя ба маълумоти Хадамоти махсуси Русия навишт, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дар сади саноати пахтаи Узбекистонро зери назорат дошт. Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун буд.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 номи Ғафур Раҳимов аз феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол ҳазф шуд. Ӯ соли 2010 аз Узбекистон берун рафта, гуфта мешавад, дар Дубай зиндагӣ дорад.

Аммо тобистони соли гузашта Вазорати умури дохилии Узбекистон Ғафур Раҳимов ва ҳамсараш Лола Раҳимоваро дубора таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.

XS
SM
MD
LG