Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ноҳияи Рашт аз мақомаш барканор шуд


Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода аз мақомаш барканор шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврал фармон ва амрҳои президент дар мавриди тағйироти кадрӣ дар бархе аз сохторҳои давлатиро ба нашр расонд.

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода аз мақомаш барканор ва Раҳимҷон Набизода иҷрокунандаи ин мақом таъйин шудааст. Сабаби барканории Лоиқзода гуфта нашудааст ва маълум нест, ки ба фаъолияти худ дар сохторҳои давлатӣ идома хоҳад дод ё на.

Бар пояи қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Лолахон Раҳмонзода ба сабаби ба нафақа рафтан аз вазифаи директори Оҷонсии таъминоти амволи махсус озод гардида ва Савзаалӣ Назирдода ба ҷои ё таъйин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Хуршед Файзуллозодаро бинобар таъйин шудан ба вазифаи директори корхонаи "Тоҷинвест", аз вазифаи директори телевизиони "Варзиш" озод кардааст. Ба ҷой ӯ Парвиз Нориён директори телевизиони “Варзиш” таъйин шудааст .

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар сатҳи раҳбарии дастгоҳи Додситонии кулл, додситонҳои ноҳияи Рӯшон, Мурғоб, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд ва Панҷакент низ тағйирот сурат гирифтааст. Сардорони шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритус низ иваз шудаанд.

XS
SM
MD
LG